»

Фев 04 2016

Дар Тоҷикистон торнамои расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд

Душанбе (4 феврали соли 2016): Дар Тоҷикистон аз 4 феврал торнамои расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд.

Амалишавии иқдоми мазкур бо дастгирии Намояндагии минтақавии РКО СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи Бунёди ихтиёрии СММ оид ба Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) имконпазир шуд. Торнамо ба хонандагон иттилоотро бо забонҳои точикӣ ва русӣ пешнищод мекунад.

Дар торнамои расмии Комиссия (http://khit.tj) иттилои васеъ дар бораи хамкориҳои Ҷумхурии Тоҷикистон бо василаҳои СММ оид ба хуқуқи инсон, тавсияҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои қарордодии СММ, расмиёти махсус ва механизми ШУД пешниҳод гардидаанд ва маърӯзаҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба кумитаҳои СММ пешниҳод шудаанд, дастрас мегардад. Хонандагон  имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишварро дар соҳаи ҳуқуқи инсон пайгирӣ намоянд, балки метавонанд барои изҳори назари худ иттилоотро бевосита ба котиботи Комиссия ирсол кунанд. Ин амал, бешубҳа, барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои байналмилалии давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва иттилоотонӣ оид ба тадбирҳои амалишаванда мусоидат намуда, дар навбати худ барои баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар ин раванд торнамо барои васеъ гардидани фазои демократӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони манфиатдор дар идораи давлат ва таъмини шаффофият дар фаъолияти Комиссия ҳамчун механизми ҳамоҳангсоз мусоидат мекунад.

Тавре муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода қайд кард: «Таъсиси торнамо дар доираи амалишавии лоиҳаи Бунёди ихтиёрии СММ оид ба Шарҳи универсалии даврӣ бо дастгирии Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ намунаи назарраси ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо василаҳои СММ  оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Торнамо ба ҳамаи шахсони манфиатдор барои дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти Комиссия ва мониторинги иҷрои тавсияҳои василаҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳисобот дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон имконият медиҳад».

«Тоҷикистон аксарияти шартномаҳои асосиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонд ва дар назди кумитаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ҳисобот дод. Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ташрифи гузоришгарони вежаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсонро хуб пазироӣ намуд. Дар ояндаи наздик вазъи кишвар дар доираи даври дуюми Шарҳи универсалии даврӣ аз ҷониби Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар натиҷа, ба Тоҷикистон садҳо тавсияҳои гуногуни механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дода мешаванд», — қайд намуд Элизабет да Кошта, и.в. намояндаи муваққатии минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ. «Ин торнамо дар самти уҳдадории давлат вобаста ба паҳнкунии тавсияҳо гоми устувор ба пеш буда, заминаи иловагӣ барои мубодилаи андешаҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад».

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо доир ба татбиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон соли 2002 таъсис ёфтааст.

Вазифаи асосии Комиссия мусоидат дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Барои гирифтани иттилооти муфассал лутфан бо Шараф Каримзода тавассути почтаи электронии bsharaf@dip.tj ё тел.:2211085, ҳамчунин бо Сўҳроб Шоев тавассути почтаи электронии  suhrob.shoev@undp.org ё тел.: 6005596 (132) тамос бигиред.