Низомномаи Комиссия

Қ А Р О Р И

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, №163

Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои

байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д :

  1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.
  2. Низомнома ва Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 4 марти соли 2002, №79 «Дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://khit.tj/wp-content/uploads/2015/12/Postanovlenie-o-Komissii-2017.doc