Хабарҳо
Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-350 аз 1 апрели соли 2023 оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” баргузории силсилачорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ аз 2 то 10 ноябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор, Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ анҷом дода шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои зикршуда иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи аҳолӣ дар маҳалҳо, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муаррифии расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ ва ҷалби бештари намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки Нақшаи миллии марбута барои солҳои 2023-2026 ва ба ин восита таъмин намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳким бахшидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ мебошад.