Хабарҳо

Баргузории мизи мудаввар дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 декабри соли љорї дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо ибтикори  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии СММ–Занон ва Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҳти раёсати У. Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ ба ифтихори 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 30-солагии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак сурат гирифт.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ мавзӯъҳои «Раванди иҷрои Нақшаи миллии амалҳо љињати иљрои тавсияњои давлатњои аъзои Шўрои СММ оид ба њуќуќи инсон тибќи расмиёти Шарњи универсалии даврї (даври сеюм) барои солњои 2023-2026 ва Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2023-2025 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», «Раванди амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раванди амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастовардҳои Тоҷикистон тайи 30 соли амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон бо фарогирии дастовардҳои амалӣ дар соҳаи ҳуқуқи занон дар сатҳи ҳаёти ҳамарӯза»-ро  мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодоти ҷолиб баён карда шуданд.

Бо мақсади пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва ба ин восита таъмин намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин таҳким бахшидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд қарор дода шуд, ки таклифу пешниҳодоти баёншуда ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба таври хаттӣ ирсол карда шуда, онҳо зимни таҳияи Маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба инобат гирифта шаванд.       

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Skip to content