Ҳайати Комиссия

Қ А Р О Р И

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Комиссияи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

         Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д :

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад.

Низомнома ва Ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №79 «Дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ  Раҳмон

аз 1 апрели соли 2017 № 163

ш. Душанбе

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «01» апрели соли 2017, № 163

ҲАЙАТИ

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Комиссия;

Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Комиссия;

Сармутахассиси раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — котиби масъули Комиссия;

Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Skip to content