Авг 17

Гузоришҳои сеюми даврӣ, тавсияҳои хотимавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо

Фев 21

Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи ҳимоя аз ҳама гуна табъиз бо мақсади шиносоӣ, инчунин омӯзиши таҷриба бо амалияи кишвар дар таҳия ва татбиқи қонунгузории зидди табъиз ба Ҷумҳурии Гурҷистон сафар кард.

IMG-20200211-WA0004

Ҳангоми ташриф, аз 11 то 14 феврали соли 2020, аъзоёни гурӯҳи корӣ бо намояндагони Кумитаи ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқии Парлумони Ҷумҳурии Гурҷистон, маъмурияти Ҳукумати Ҷумҳурии Гурҷистон, Департаменти ҳуқуқи инсон ва назорати сифати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Гурҷистон, Раёсати ҳимояи ҳуқуқи инсони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Гурҷистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Гурҷистон, Дастгоҳи Омбудсмани Гурҷистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрданд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо, намояндагони мақомоти давлатии Гуҷистон дар бораи таҷрибаи кишвар дар таҳияи қонуни нав ва ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар бораи ҳимоя аз ҳама гуна табъиз суханронӣ намуданд. Раванди такмили қонунгузории Гурҷистон аз соли 2013 оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Дар соли 2019 ба қонунгузории давлат тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи он мафҳумҳои иловагӣ низ дохил карда шуданд, аз ҷумла ҷавобгарӣ барои ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта. Аломатҳои табъиз тибқи қонунгузории ҷиноятии кишвар ҳамчун ҳолати вазниникунандаи ҷиноят мебошанд.

Намояндагони мақомоти давлатӣ таҷрибаи худро дар татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ дар амал мубодила намуда, инчунин дар бораи мушкилоте, ки мақомоти давлатӣ ҳангоми пешбурди фаъолият дар соҳаи мубориза бо табъиз рӯ ба рӯ мешаванд, нақл карданд. Дар тули якчанд сол барои омӯзонидани кормандони полис, прокурорҳо, муфаттишон оид ба кор дар ҳолатҳои табъиз чораҳо андешида шуданд, дастурҳои дахлдор барои прокурорҳо ва муфаттишон таҳия карда шудаанд; чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни мардум бо мақсади мубориза бо стигма ва табъиз ва механизмҳои он гузаронида мешаванд.

Аъзоёни гуруҳи корӣ инчунин бо намояндагони Эътилоф (Коалиция) оиди баробарӣ мулоқот намуда, бо таҷрибаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди қонунгузории мубориза бо табъиз ва ҷараёни таъсису фаъолияти Эътилоф шинос шуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо, намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фаъолияти гуруҳи корӣ, корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои кори ояндаи гуруҳи корӣ маълумот доданд. Шараф Каримзода роҳбари гуруҳи корӣ қайд намуд, ки «вохуриҳои корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ хеле судманд ва ҷолиб буданд. Мо ҳам бо раванди таҳияи қонунгузорӣ ва ҳам бо амалияи истифодаи муқаррароти кишвар шинос шудем, мубодилаи таҷрибаҳои мусбиро дар мубориза оид ба табъиз ва умуман фаъолият дар самти пешрафт ва ҳифзи ҳуқуқи инсон», анҷом додем.

Моҳи апрели соли 2018 дар ҳайти намояндагони Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи ҳимоя аз ҳама гуна табъиз таъсис дода шуд.

Дар солҳои 2018-2019 аъзоёни гуруҳи корӣ таҷрибаи кишварҳои дигарро оид ба таҳияи қонунгузории зидди табъиз омӯхта, аввалин лоиҳаи қонун таҳия карда шуд, таҳлили ҳамаҷонибаи қонунгузорӣ дар ин соҳа гузаронида мешавад. Дар соли 2020 гузаронидани машваратҳои ҳамаҷониба бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудааст, то муқаррароти алоҳидаи қонунро баррасӣ намоянд.

Сафари омӯзиширо Фонди ҷамъиятии «Нотабене» (Тоҷикистон) ва Маркази иштирок ва рушд (Гурҷистон) ташкил карданд.

20200213_160449IMG-20200214-WA0021

????????????????????????????????????IMG-20200211-WA0007 IMG-20200214-WA0018   IMG-20200214-WA0027

Фев 25

Пахши матбуотӣ: Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Шарҳи универсалии даврӣ баррасӣ мешавад

Женева (3 майи соли 2016) – Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бори дуюм дар санаи 6 майи соли 2016 дар ҷаласае, ки ба тариқи интернет мустақим пахш мегардад (webcast live), баррасӣ мешавад.

Тоҷикистон яке аз 14 кишварест, ки бояд аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ дар иҷлосияи ояндаи он аз 2 то 13 май бознигарӣ шавад. Бознигарии аввали Тоҷикистон 3 октябри соли 2011 баргузор шуда буд.

Бознигарӣ ба санадҳои зерин асос меёбад: 1) гузориши миллӣ –маълумоте, ки аз ҷониби кишвари таҳти баррасӣ омода шудааст 2) маълумоте, ки дар гузоришҳои коршиносон ва гурӯҳҳои мустақили ҳуқуқи башар – Расмиёти махсус, ниҳодҳои созишномавии ҳуқуқи башар ва дигар ниҳодҳои СММ мавҷуданд; 3) маълумоте, ки аз ҷониби тарафҳои манфиатдори дигар, ба шумули муассисаҳои миллии ҳуқуқи башар, созмонҳои минтақавӣ ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ омода шудааст.

Санадҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла ин масъалаҳоро дарбар мегиранд: қадамҳои барои бекор кардани ҳукми қатл гузошташуда; қонунгузории зидди табъиз; табъиз бар зидди занон, шахсони маъюб ва шахсони лесбиан, гей, дуҷинса (биссексуал) ва транссекусуал (тағйири ҷинс); шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва бар зидди сарбозони тозадаъватшуда дар қувваҳои мусаллаҳ; ислоҳот дар низоми адлияи ноболиғон; хушунат бар зидди занон; меҳнати кӯдакон, ҷазои ҷисмонии кӯдакон, мустақил будани низоми судӣ, таҳдидҳо ва тарсдиҳиҳо бар зидди адвокатҳо ва ҳуқуқдонҳо; маҳдудиятҳо барои озодии динӣ, вазъияти озодии баён, бастани вебсайтҳо, маҳдудиятҳо дар ҷамъшавӣ ва анҷуманҳои сулҳомез;  иқдомҳои қасдгирона бар зидди мудофеони ҳуқуқи башар; иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ; кӯшишҳо барои мубориза бар зидди тиҷорати одамон, таҳсилот ба забонҳои ақаллиятҳо, ислоҳот дар бахши тандурустӣ ва дастрасӣ ба оби ошомидании тоза ва санитария.

Се гузоришеро, ки рӯзи 6 май ба сифати асос барои гузориш дар бораи Тоҷикистон хидмат мекунанд, дар ин вебсайт пайдо кардан мумкин аст:  http://www.ohchr.org/EN/HRBodies/UPR/Pages/TJSession25.aspx

Макон: утоқи 20, Кохи миллатҳо, Женева (Room 20, Palais des Nations, Geneva)

Вақт ва сана: 14.30 – 18.00, рӯзи ҷумъа, 6 май (Geneva time, GMT +1 hour)

Шарҳи универсалии даврӣ як раванди махсус аст, ки бознигарии давравии вазъи ҳуқуқи башар барои ҳамаи 193 кишвари узви СММ-ро дарбар мегирад. Аз замони ҷаласаи якуми он, ки моҳи апрели соли 2008 баргузор шуд, ҳамаи 193 кишвари узв дар давраи якум ва 168 кишвар дар давраи дуюм бознигарӣ шудаанд. Мақсади бознигарии дувуми кишварҳо муайян кардани пешрафтҳо дар соҳаи ҳуқуқи башар дар кишварҳо мебошад, зеро аз замони бознигарии аввал барои кишвар чунин фурсате фароҳам мешавад, ки тадбирҳои худро барои амалисозии тавсияҳо дар вақти бознигарии якум дида барояд.

Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Рустам Шоҳмурод — вазири адлияи ҶТ роҳбарӣ мекунад.

Намояндагони се кишвар (тройка) — Арабистони Саудӣ, Алҷазоир ва Олмон ҳамчун гузоришгар барои бознигарии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Пахши мустақими ҷаласа аз тариқи интернет дар нишонии зерин дастрас мегардад:  http://webtv.un.org

Рӯйхати баромадкунандагон ва ҳамаи изҳороти мавҷуда, ки ҳангоми бознигарии Тоҷикистон истифода мешаванд, дар шабакаи берунии (экстранети) Шарҳи универсалии даврӣ дар пайвандгоҳи зерин гузошта хоҳанд шуд [номи корбар: hrc extranet (бо фосила); пассворд: 1session]:  https://extranet.ohchr.org/sites/upr/Sessions/25session/Tajikistan/Pages/default.aspx

Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ мутобиқи нақша тавсияҳо барои Тоҷикистонро дар соати 13.30 рӯзи 11 май тасдиқ мекунад. Кишвари дар бознигарӣ қарордошта метавонад мавқеи худро дар бораи тавсияҳои дар вақти бознигарӣ пешниҳодшуда баён кунад. Тавсияҳо дар ВАО ҳамон рӯз пешакӣ нашр хоҳанд шуд.

АНҶОМ

Барои маълумоти бештар ва дархостҳо оид ба ВАО, лутфан бо Роландо Гомез тавассути (0) 22 917 9711 /  rgomez@ohchr.org  ё Кедрик Сапей тавассути +41 (0) 22 917 9751 / csapey@ohchr.org тамос гиред.

Барои бештар омӯхтан дар бораи Шарҳи универсалии даврӣ, лутфан боздид кунед аз: http://www.ohchr.org/EN/HRBodies/UPR/Pages/UPRMain.aspx

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед:

Фейсбук: https://www.facebook.com/UNHRC

Твиттер: https://twitter.com/UN_HRC

Ютуб:  http://www.youtube.com/channel/UCokQuTYVvkwQb-A3TsSUm-g

Фев 04 2016

Дар Тоҷикистон торнамои расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд

Душанбе (4 феврали соли 2016): Дар Тоҷикистон аз 4 феврал торнамои расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд.

Амалишавии иқдоми мазкур бо дастгирии Намояндагии минтақавии РКО СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи Бунёди ихтиёрии СММ оид ба Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) имконпазир шуд. Торнамо ба хонандагон иттилоотро бо забонҳои точикӣ ва русӣ пешнищод мекунад.

Дар торнамои расмии Комиссия (http://khit.tj) иттилои васеъ дар бораи хамкориҳои Ҷумхурии Тоҷикистон бо василаҳои СММ оид ба хуқуқи инсон, тавсияҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои қарордодии СММ, расмиёти махсус ва механизми ШУД пешниҳод гардидаанд ва маърӯзаҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба кумитаҳои СММ пешниҳод шудаанд, дастрас мегардад. Хонандагон  имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишварро дар соҳаи ҳуқуқи инсон пайгирӣ намоянд, балки метавонанд барои изҳори назари худ иттилоотро бевосита ба котиботи Комиссия ирсол кунанд. Ин амал, бешубҳа, барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои байналмилалии давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва иттилоотонӣ оид ба тадбирҳои амалишаванда мусоидат намуда, дар навбати худ барои баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар ин раванд торнамо барои васеъ гардидани фазои демократӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони манфиатдор дар идораи давлат ва таъмини шаффофият дар фаъолияти Комиссия ҳамчун механизми ҳамоҳангсоз мусоидат мекунад.

Тавре муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода қайд кард: «Таъсиси торнамо дар доираи амалишавии лоиҳаи Бунёди ихтиёрии СММ оид ба Шарҳи универсалии даврӣ бо дастгирии Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ намунаи назарраси ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо василаҳои СММ  оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Торнамо ба ҳамаи шахсони манфиатдор барои дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти Комиссия ва мониторинги иҷрои тавсияҳои василаҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳисобот дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон имконият медиҳад».

«Тоҷикистон аксарияти шартномаҳои асосиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонд ва дар назди кумитаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ҳисобот дод. Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ташрифи гузоришгарони вежаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсонро хуб пазироӣ намуд. Дар ояндаи наздик вазъи кишвар дар доираи даври дуюми Шарҳи универсалии даврӣ аз ҷониби Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар натиҷа, ба Тоҷикистон садҳо тавсияҳои гуногуни механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дода мешаванд», — қайд намуд Элизабет да Кошта, и.в. намояндаи муваққатии минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ. «Ин торнамо дар самти уҳдадории давлат вобаста ба паҳнкунии тавсияҳо гоми устувор ба пеш буда, заминаи иловагӣ барои мубодилаи андешаҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад».

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо доир ба татбиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон соли 2002 таъсис ёфтааст.

Вазифаи асосии Комиссия мусоидат дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Барои гирифтани иттилооти муфассал лутфан бо Шараф Каримзода тавассути почтаи электронии bsharaf@dip.tj ё тел.:2211085, ҳамчунин бо Сўҳроб Шоев тавассути почтаи электронии  suhrob.shoev@undp.org ё тел.: 6005596 (132) тамос бигиред.